ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” БАРГУЗОР ШУД
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2026 даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор шуд.
Дар озмуни мазкур беш аз 45 нафар донишҷӯёни соҳибистеъдод аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн иштирок намуданд.
Ҳайати ҳакамот иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти тавсеаи истеъдоду ҳунар саривақтӣ дониста, ба ҳунару малакаи ҷавонон баҳои воқеӣ доданд.
Таъкид шуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.
Ҳамин тавр дар номинатсияи “Сарояндагӣ” Ҷонибек Раҷабов, донишҷӯи курси 2, ихтисоси хизматрасонии автомобилӣ, Фаридун Пӯлотов, донишҷӯи курси 1-и ихтисоси таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ ва Нозанин Раҷабова, донишҷӯи курси 2, ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), дар номинатсияи “Санъати тасвирӣ”, Фарзонахон Олимҷонова, донишҷӯи курси 2, ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, Муталлибҷон Абдураззоқов, донишҷӯи курси 2, ихтисоси меъморӣ ва Анисахон Рофиева, донишҷӯи курси 2, ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, дар номинаи “Дизайн” Субҳиябону Ёрова, донишҷӯи курси 2, ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, Улуғбек Бобоев, донишҷӯи курси 2, ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва Рухшона Улмасова, донишҷӯи курси 3, ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ дар даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Ба ғолибону иштирокдорони озмун дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои дараҷавӣ, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати донишкада тақдим гардид.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО