- 23.12.2025
ПАЁМ: ИҚТИСОДИ САБЗ-АСОСИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
Дар моҳи июни соли 2025 дар
ноҳияи Дарвози Тоҷикистон маркази зеҳни сунъӣ Darya.ai расман
ифтитоҳ шуд. Ин на танҳо маркази технологӣ, балки нуқтаи оғози як экосистемаи
инноватсионӣ барои рушди зеҳни сунъӣ ва рақамисозии кишвар мебошад. Маросими
ифтитоҳ бо иштироки расмӣ ва таҷҳизоти пешрафта сурат гирифт ва дар оянда барои
рушди стартапҳо, таҳқиқот ва кадрҳои маҳаллӣ замина фароҳам меорад.
Darya.ai — лоиҳа ва стартапи
маҳаллӣ, ки бо ҳадафи сохт ва рушд додани инфрасохтори муосири ИИ дар
Тоҷикистон амалӣ мешавад. Марказ дорои серверҳои пуриқтидор ва таҷҳизоти
замонавӣ барои ҳисоббарорӣ ва таҳлили додаҳои калон мебошад. Ин инфрасохтор ба
ширкатҳо, муассисаҳо ва стартапҳои маҳаллӣ имкон медиҳад, ки ба технологияҳои
ИИ дастрасӣ пайдо кунанд ва лоиҳаҳои милли ва минтақавиро амалӣ созанд.
Марказ дорои 8 сервери асосӣ
мебошад, ки ҳар кадомаш барои кор дар муҳити махсус, бо сардкунӣ ва устувории
баланд пешбинӣ шудааст. Арзиши ҳар сервер тақрибан 40 000 доллар мебошад. Ин
таҷҳизот имкон медиҳад, ки ҳисоббарории мураккаб, таҳлили додаҳои калон ва
моделҳои ИИ дар сатҳи милли ва минтақавӣ амалӣ гарданд. (jom.tj)
Дар доираи Darya.ai инчунин Area
AI — аввалин технопарк ва кластер дар Осиёи Марказӣ — таъсис ёфтааст.
Ин минтақа барои таҳқиқот, рушди моделҳои ИИ, омӯзиш ва ҳамкорӣ байни
муҳаққиқон, стартапҳо, ҳукумат ва сармоягузорон хизмат мекунад. Муҳандисон,
барномасозон ва донишмандон метавонанд дар ин муҳити муосир таҷриба андӯхта,
лоиҳаҳои милли ва минтақавиро пеш баранд.
Area AI як платформаи пурқувват
барои стартапҳо ва ширкатҳои нав мебошад, ки мехоҳанд лоиҳаҳои ИИ-ро аз
марҳилаи идея то татбиқ амалӣ созанд. Ин барои рушди экосистемаи ИИ дар Тоҷикистон ва минтақавӣ аҳамияти стратегӣ
дорад.
1. Инфрасохтори пурқувват: серверҳо ва маркази ҳисоббарорӣ имконият
медиҳанд, ки таҳлили дода ва модели ИИ зуд ва бо дақиқии баланд анҷом дода
шавад.
2. Истифодаи энергияҳои тоза: марказ бо истифодаи нерӯи обӣ ва захираҳои табиӣ
амалӣ мешавад, ки ҳам ба муҳити зист кам таъсир мерасонад ва ҳам рушди
устуворро таъмин мекунад.
3. Рушди кадрҳо ва малака: тавассути Area AI ҷавонон ва муҳандисон малакаҳои ИИ ва таҳлили
додаҳоро меомӯзанд, ки барои ояндаи технологӣ ва рақамии кишвар муҳим аст.
4. Самаранокии давлат ва тиҷорат: муассисаҳо метавонанд равандҳоро автоматӣ ва
самаранок идора кунанд, ки ба пешгирии коррупсия ва беҳтар шудани хизматрасонӣ
мусоидат мекунад.
5. Пойгоҳи инноватсионӣ барои стартапҳо: стартапҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ метавонанд дар
муҳити бехатар ва дастгирӣ қарор дошта, лоиҳаҳои худро амалӣ созанд.
Марказ ва
кластер барои кишвар як имконияти бузургест:
·
рушди
лоиҳаҳои инноватсионӣ ва стартапҳо;
·
татбиқи ИИ
дар соҳаҳои давлатӣ, энергетика, нақлиёт, молия ва маориф;
·
таҳияи моделҳои
милли ва минтақавӣ;
·
таълими
кадрҳо ва ҷалби ҷавонон ба илм ва технология;
·
ҷалби сармояи
дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди иқтисод ва рақобатпазирӣ.
Инчунин Darya.ai таваҷҷӯҳ мекунад ба
ҳамгироӣ бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилотӣ, ки барои омӯзиши донишҷӯён ва
таҳияи мутахассисони маҳаллӣ замина фароҳам мекунад.
Бовар дорам,
ки Darya.ai намунаи муҳимест барои
Тоҷикистон. Ин на танҳо имкониятҳои техникиро фароҳам меорад, балки экосистема,
кадрҳо ва муҳити инноватсионӣ таъсис медиҳад.
Марказ ва
кластерҳои Darya.ai
метавонанд пойгоҳи глобалӣ шаванд, ки ҷавонон, муҳаққиқон, соҳибкорон ва
давлатро барои рушд ва инноватсия муттаҳид мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва
рақобати технологияҳои ИИ, Darya.ai метавонад Тоҷикистонро ба маркази ИИ дар минтақа
табдил диҳад — бо ҳифзи табиат, таъмини кор, таълиму тадқиқот ва рушди
иқтисодӣ.
Darya.ai нишон медиҳад, ки агар мо ба инноватсия ва кадрҳои маҳаллӣ эътибор диҳем, метавонем ояндаи рақамӣ ва устувори кишварро бо имкониятҳои миллӣ ва технологияи муосир созем.
Беҳрӯз
Иномов,