Мегӯянд адаб ин либоси инсон аст, ки ӯро мепӯшонад, нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад.
Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, покизагиву некномӣ, осоишу субот ва пешрафту музаффарият низ ба миён меояд. Аз ин рӯ, адаб дастурамали зиндагӣ буда, ҳаётро ҳамчун нури раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин, дар оилае, ки одоб бошад, интизоми муайян дошта, шодиву нишот низ ҳамсафар аст. Чунин хонадон мудом файзу барака дорад. Дар ҷамъият шахси боадаб эҳтироми махсус дошта, муносибат бо ӯ шахсро ҳавасу ҳаловат мебахшад. Фарогирии адаб ба худи инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае беихтиёр ба забон меояд: «Луқмони ҳакимро пурсиданд:
– Адаб аз кӣ омўхтӣ?
Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».
Матассифона имрӯзҳо баъзе аз ҷавонон ҳатто одоби муоширатро вайрон мекунанд, дар кӯча, дар нақлиёт ҳангоми гуфтугу суханҳои ноҷо ва ибораҳои қабеҳ истифода мешавад.
Дар ин ҷода барои тарбияи одоби ҳамидаи насли наврас, ба ғайр аз падару модар омӯзгорон саҳми калон доранд. Тарбияи одоб дар ҳар як лаҳзаи дарси устод ва ҳатто дар суханрониву тарзи дарсдиҳии ӯ дида мешавад. Пас, худи устод бояд сараввал муаддаб бошад, то тавонад шогирдонро ба олами зебои адаб ҳидоят кунад.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» фармуда: «Адаб сиёнат (нигоҳдорӣ)-и нафс аст, аз қавми нописандида ва феъли носутуда худро ва мардумро дар пояи ҳурмат нигаҳ дошта ва обрӯйи худу дигарон нарехтан аст. Ҳақиқати адаб он аст, ки дар ҷамии аҳвол роҳи рост дошта бошӣ».
Бузурге гуфта: «Беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод одамро таҳсили адаб аст»...
Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Ҷавонон ба ғамхории мо, маслиҳати оқилона ва ибрати нек ниёз доранд. Аммо барои ин худи мо бояд беҳтарин хислатҳои инсониро дошта бошем. Шавқу рағбат ва кӯшиши дар толибилм тарбия намудани ин хислатҳоро дошта бошем, пеш аз ҳама, бояд худамон шахсони боодоб бошем. Факат дар он сурат шогирди мо фахмиши моро хис мекунад, ба хиради мо бовар мекунад ва наздикии маънавии моро хис мекунад.
Бояд бикӯшем, ки толибилмонро тарбияи хуби адаб диҳем, ҳар лаҳзаи дарси мо, дар ҳар суханронӣ, имою ишора, ҳатто намуди зоҳирии худ, талаботамон нисбати азхудкунии дарс ва ғайра бояд дар ин ҷода таъсирбахш бошад. Чеҳраи кушоди устод, одоби сухан, пайдои фазои кушод дар раванди дарс, ташкили дурусту пурсамари соати дарсӣ, вазифагузорӣ, серталабӣ ва тарбияи мустақилият дар ҳар як донишҷӯ дар тарбияи адаб таъсири мусбат хоҳад бахшид. Ин зумра устод соҳиби ҳурмату эҳтиром хоҳад гашт. Бояд гуфт, ки тарбияи адаб аз таълим дида муҳимтар аст, зеро он шахсиятро ташаккул медиҳад ва барои таълими минбаъда замина фароҳам меорад, вале таълим бошад, ҷузъи ҷудонашавандаи раванди тарбия мебошад. Тарбия характер, принципхои ахлокй ва маҳорати ҷамъиятиро ташаккул медихад, таълим бошад, донишу малакаи мушаххас медихад.
Маҳз ахлоқи ҳамидаи бунёдёфта, хирад, ақли расо, тавоноӣ ва доноиро месозад. Чунин фарди тарбияшуда, дониши худро дар роҳи накӯ сарф намуда, барои беҳбудии кишвараш мекӯшад ва ҳеҷ гоҳ ба ҳизбу ҳаракати тундгаро ҳамроҳ нахоҳад шуд.