Санаи 6-уми ноябри соли 1994 Ватани куҳантаърихи мо бо Сарварии фарзанди сарсупурда ва сулҳофари миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварди бузурги сиёсӣ ноил гардид. Дар ин санаи таърихӣ тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Қабули Конститутсияи давлатӣ чун ибтидои марҳилаи комилан нави давлату давлатдории тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи навини кишварамон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.
Сию чор сол муқаддам миллати куҳантаърихи тоҷик ба дастоварди бузург—Истиқлоли давлатӣ ноил гашт. Эълон шудани Истиқлоли давлатӣ зарурияти қабули рукни асосии давлатдорӣ—шиносномаи миллат—Конститутсияи Қумҳурии Тоҷикистонро пеш оварда буд.
Марҳилаи муҳимтарини таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистон аз Иҷлосияи таърихии XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, оғоз ёфт. Дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ давлати соҳибистиқлоламон бо тахрибкориҳои душманони дохилию хориҷӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, тақдири давлату давлатдории тоҷикон дар зери хавф монда буд. Таҳияи бевоситаи лоиҳаи Конститутсияи Қумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи тақдирсоз оғоз ёфта, таҳти роҳбарии Сарвари ҷавони мамлакат ҳайати нави комиссияи конститутсионӣ тасдиқ карда шуда буд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи халқ қабул гардида, бо ширкати олимону донишмандони маъруф дар риштаи ҳуқуқу қонунгузорӣ таҳия ёфт. Бо қабули Конститутсия ҷомеа, ки бар асари низоъ ва даргириҳо дар масири бесарусомониҳо қарор дошт, ба низом даромада, ҳокимияти давлатӣ дар ҳамаи зинаҳо барқарор шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналхалқӣ эътироф гардида, самараи муҳими қабули он фароҳамоварии заминаҳо барои ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, инчунин пайрезии омилҳои ояндасозу таҳкими истиқлолияти кишвар маҳсуб шуд.
Пас аз қабули Конститутсияи Қумҳурии Тоҷикистон давраи тӯлонии музокироти байни тоҷикон оғоз ёфт, ки ниҳояташ таъмини сулҳу субот ва оромӣ, баҳамоии тарафҳо, аз вартаи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ наҷот додани миллат, ба Ватан баргардонидани садҳо ҳазор гурезаҳо ба шумор мерафт. Натиҷаи ҷонбозиҳо ва сиёсати сулҳофарини Сардори давлат буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, тибқи он дар қатори дигар масъалаҳои муҳимтарини расидан ба сулҳу ваҳдат, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пешбинӣ карда шуда буд. Ин вазифаи муҳимро комиссияи оштии миллӣ, ки ба узвияти он намояндагони ҳарду ҷониб шомил буданд, ба анҷом расонид.
Дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зиёд аст.
Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамасола санаи 6 ноябрро чун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил менамоянд.
Конститутсияи кишвар чун санади олии ҳуқуқӣ дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардида, чун шоҳкитоб ва бахтномаи миллат эътироф ёфт. Бигзор ин китоб солиёни тӯлонӣ баҳри ояндаи дурахшони мардуми тоҷик хидмат намояд.